Намояндаи махсуси Президенти ҶТ оид ба Афғонистон таъйин гардид

Октябрь 31, 2011 12:42

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҳамзамон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон таъйин гардид.Таъйиноти мазкур ба он рабт дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли қазияи кишвари ҳамсоя – Давлати  Исломии Афғонистон иштироки фаъолона дошта, аз ҷомеаи байналхалқӣ даъват мекунад то дар раванди устуворшавӣ ва барқарорсозии Афғонистон кӯмак расонанд. Тоҷикистон ташаббускор ва иштирокчии фаъоли конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба Афғонистон мебошад. Аз ҷумла, ҳайати кишвари мо дар конфронсҳои қарибулвуқӯи Истанбул (2 ноябри соли 2011) ва Бонн (5 декабри соли 2011) иштирок хоҳад кард. Таҷрибаи кишварҳое, ки бо ДИА робита доранд, нишон медиҳад, ки пайгирӣ ва татбиқи барномаҳои муайян ва расидан ба ҳадафҳои мушаххас, таъйин намудани намояндаи ин ё он кишварро тақозо мекунад. Бояд қайд кард, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи доимии корӣ оид ба  Афғонистон созмон дода шуд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 31, 2011 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад