Нархи об дар пойтахт баланд мегардад

Октябрь 6, 2011 10:42

Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шурӯъ аз 15 октябри соли 2011 нархи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ дар шаҳри Душанбе баланд мегардад. Нархи пардохт тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ин тасмим дар асоси пешниҳоди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо назардошти қимат шудани нархи нерӯи барқ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва поксозии оби нӯшокӣ, сӯзишвории нафтӣ ва баргардонидани қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе қабул гардидааст. Дар асоси муқаррароти зикргардидаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе бар ивази пардохтҳои ҷойдошта баҳр як муштарӣ аз ҳисоби 350 метри мукааб дар як шабонарӯз, дар як моҳ аҳолӣ сари 1 нафар 2,47 сомонӣ, корхонаҳои буҷавӣ 0,71 сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 1,68 сомонӣ ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 1,5 сомонӣ бо тартиби зайл амалӣ карда мешаванд: аҳолӣ 1 нафар 3,50 сомонӣ, корхонаҳои буҷавӣ 1,4 сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,71 сомонӣ ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 2,3 сомонӣ.

Октябрь 6, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд