Нигаронии терминалҳо
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар маҷлиси Шӯрои директорони ассотсиатсияҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар (НАМ)- и вилояти Суғд роҳбарони терминалҳо аз Корхонаи воҳиди давлати (КВД)-и «Маркази сертификатсиякунонӣ» изҳори нигаронӣ намуданд. Ба гуфти роҳбарони терминалҳо, КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» бе базаи истеҳсолӣ ва бе таҷҳизоти зарурӣ фаъолият намуда, сертификатсиякунониро бе гузаронидани санҷишҳои зарурӣ анҷом медиҳад, ҳол он ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 4 – уми марти соли 2002 гузаронидани сертификатсиякунонии сифати техникии воситаҳои нақлиёт ба зиммаи базаҳои технологӣ вогузор шудааст.Ба гуфти сарвари филиали Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбари ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Н. Шарипов КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» баъди таъсис ёфтанаш (1. 03. 2011) сертификатсиякунониро ба зиммаи худ гирифта, базаҳои технологиро аз он озод намуд, ки дар натиҷа нархи хизматрасонӣ се маротиба боло рафт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






