Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ чӣ гуна аст?

Октябрь 26, 2011 11:07

Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми маҷӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар ба 20 миллиард сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиши он 7,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиард сомонӣ зиёд аст». Ин нукта зимни муҳокимаи парлумонии самтҳои иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 дар зарфи 9 моҳи соли равон зикр шуд. Дар ин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар тамоми соҳаҳо таъмин гардид. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,5 %, кишоварзӣ 9,9%, гардиши моли чакана 9% , хизматрасониҳои пулӣ 13,4 % ва сохтмон 10,4% нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 афзоиш ёфтаанд. Музди миёнаи моҳонаи як коргар ба 420 сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 9,5%-ро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 82,2 сомонӣ зиёд аст. Сафаралӣ Раҷабов, Раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки мусбат арзёбӣ шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва чораҳои андешидаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои марбута имкон дод, ки буҷаи давлат ба андозаи беш аз 100 % таъмин карда шавад. Ба буҷа 6,1 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки он қиёсан ба ҳамин давраи соли 2010 ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои даромади ҷории Буҷаи давлатӣ 103,9 % ё ба маблағи 4,8 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша ба маблағи 180,4 миллион сомонӣ афзоишро нишон медиҳад. Дар муҳокимаи парлумонӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов ва сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гурез Зарифов дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои Буҷаи давлатииҶумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 дар 9 моҳи соли 2011 баромад намуда, доир ба дастоварду камбудиҳои мавҷуд дар ин соҳаҳо маълумот доданд.10.02.

Октябрь 26, 2011 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд