нуқтаи тиббӣ дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод масраф шуд.

Октябрь 28, 2011 15:07

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). —  24 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои бозсозии ду нуқтаи тиббӣ дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод масраф шуд.Тавре ки аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фаршҳои ҳарду бино бо фаршҳои чӯбӣ иваз гардида, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуд. Ҳамчунин, тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуда, системаи таъмини барқ барқарор гардид.Дар маросими ифтитоҳи ин нуқтаҳои тиббӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Саида  Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Кароматулло Шарифов ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Корҳои бозсозиро Барномаи ҷамъиятӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаи «Каунтерпарт Интернейшнл» ба анҷом расонида, идораи департаменти давлатии ИМА дар мавриди кӯмаки ҳамоҳангии ИМА ба кишварҳои Аврупо ва Осиё ин лоиҳаро маблағгузорӣ намудааст.

Октябрь 28, 2011 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд