Омӯзгорони ҷавон ба имтиёз ниёз доранд
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар кори таъмини макотиб бо муаллимон мавқеи муҳим дорад. Тавре муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Тоҷиддин Орумбеков иттилоъ дод, дар макотиби вилоят 220 нафар омӯзгорони ҷавон, ки собиқаи аз 1 то 3 сола доранд, машғули таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Баъди интишори Қарори Ҳукумати ҶТ ба 58 нафар қарзҳои имтиёзнок дода шуд ва дар рӯзҳои наздик боз 40 нафар омӯзгор аз имтиёз бархӯрдор мегарданд. Ҳамзамон муассисоти таълимии вилоят ба 84 нафар омӯзгорони забони инглисӣ, физикаю математика эҳтиёҷ доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






