Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар Душанбе
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 22 октябр дар Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ озмуни «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар озмун маҳсули фаъолияти хонандагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ВМКБ ба маърази намоиш гузошта шуд. Ғайр аз ин викторинаи экологӣ баргузор гардид. Ҳаками бонуфуз ба ғолибон диплому ифтихорномаҳо супурд. Дебасташоева Моҳбегим (ВМКБ) ғолиби викторина гардид. Дар бахши «Беҳтарин асари намоишгоҳ» ҷойи аввал насиби хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон гардид. Дар викторинаи экологӣ ҷойи аввалро мактабиёни шаҳри Душанбе ишғол намуданд. Иштирокдорони дигари викторина низ бо ифтихорномаю мукофотҳо сарфароз шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






