«Озод» ва «Паёми нур» дар Тоҷикистон равзана боз менамоянд

Октябрь 21, 2011 11:12

Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Донишгоҳҳои «Озод» ва «Паёми нур»-и Эрон омода ҳастанд, ки намояндагии худро дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ созанд. Ин нуктаро Алӣ Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки донишгоҳҳои мазкур ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи техника ва технология машғул ҳастанд.Раиси парлумони Эрон густариши ҳамкории байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин ҳадафи сафари худ ба Тоҷикистон арзёбӣ намуда гуфт: Мо умедвор ҳастем,  ки ин сафар паёмади хубе барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишвар хоҳад дошт». Дар мулоқот ҳамчунин ба зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, тадвин ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санади дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки парлумони Эрон дорои собиқаи беш аз як қарн ва таҷрибаи ғании қонунгузорист. Аз ин рӯ,  мо мехоҳем аз таҷрибаи дӯстони эронӣ бештар бархурдор бошем. Хусусан ошноӣ бо фаъолияти Пажӯҳишгоҳи қонунгузории Парлумони Эрон ва истифодаи таҷрибаи он ба манфиат аст. Дар бахши забони қонунҳо низ мо ба омӯзиши таҷрибаи Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон   ниёзмандем, афзуд Ш.Зуҳуров.Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон, ки соли 1906 таъсис дода шудааст, аз як палата иборат буда,  290 вакил дорад, ки дар чор сол як маротиба тавассути раъйдиҳӣ интихоб  мешаванд.

Октябрь 21, 2011 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд