Рӯзи забон дар Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба Рӯзи давлатии забон дар китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он устодон, мактаббачагон, донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, аз ҷумла кормандони Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ иштирок доштанд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робита ва кор бо ҷомеаи Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд, мактаббачагон аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳо дар бораи аҳамияти забон қироат намуда, перомуни ин мавзӯъ саҳнаҳо нишон доданд.Сардори шӯъбаи робита ва кор бо ҷомеаи Агентии мазкур Саъдулло Раҳматуллоев зикр намуд, ки насли наврас бояд дар давраи тараққиёти техника ва технологияву инноватсия ҷидду ҷаҳд намояд то забони мо бо дигаргуншавии ҷаҳони муосир мутобиқ гардад.Сардори кадрҳои Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ Музаффар Ҳотамов афзуд, ки забони модарӣ- ин боигарии ҳар миллат аст ва он халқҳоро ба ҳам наздик карда, дӯстиву ҳамкориро миёни миллатҳои гуногун мустаҳкам менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






