«Рекстон» ба коми ҷарӣ фурӯ рафт
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бар асари як садамаи нақлиётии калон, ки дар шаҳри Роғун ба вуқӯъ пайваст, 6 нафар ҳалок гардида, 4 нафари дигар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд. Тибқи суханони манбаъ, 6 октябри соли ҷорӣ дар километри 83 –юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ба болои автомашинаи тамғаи «Рекстон», ки онро сокини 49- солаи пойтахт Бадриддин Миров идора мекард, сангпораҳо рехта ва мошин ба ҷарии 300 метра чаппа мешавад. Бар асари ин ҳодиса худи ронанда ва 5 нафар мусофири ӯ, аз ҷумла тифли навзод ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Боз 4 нафар ноболиғ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии шаҳр бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






