«Рустам ва Сӯҳроб» дар Ӯзбекистон

Октябрь 28, 2011 15:09

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 17 то 26 октябри соли 2011 дар шаҳри Тошканд Фестивали байналмилалии театрии «Teatre.UZЃ1» баргузор гардид, ки дар он театрҳои касбии кишварҳои Олмон, Исроил, Федератсияи Русия, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковскии ҶТ иштирок намуданд. Дар миёнасарои Театри ҷавонони Ӯзбекистон намоишгоҳи намунаҳои маҳсулоти дастии мардуми тоҷик, либосҳо, асбобҳои рӯзгор ва созҳои мусиқӣ, маҳсулоти заргарии миллӣ меҳмононро бо фарҳанг, тамаддун ва ҳунари волову қадимии тоҷикон ошно сохт. 24 октябри 2011 дар Театри ҷавонони Ӯзбекистон ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский намоиши «Рустам ва Сӯҳроб»-ро аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба тамошобинони сершумор тақдим карданд. Пеш аз оғози намоиш дар назди тамошобинон Набӣ Абдураҳмонов, роҳбари бадеии Театри ҷавонони Ӯзбекистон зимни суханронӣ гуфт, ки намоиши «Рустам ва Сӯҳроб» дар фестивалҳои зиёди байналмилалии театрӣ сазовори ҷоизаҳо  шудааст.

Октябрь 28, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд