Сохтмони пули нави Шӯробод оғоз меёбад

Октябрь 31, 2011 09:18

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Имрӯз, 31-уми октябр, Шоҳзода Карим Оғохони 4 ва Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  дар маросими оғози сохтмони иншооти нави Шӯробод ширкат хоҳанд варзид. Пули мазкур пули панҷумин аст, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории байнисарҳадии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКDN)   сохта шуда, ноҳияҳои Шӯрободи вилояти Хатлон ва вулусволии Хоҳони Афғонистонро бо ҳам мепайвандад. Дарозии ин пул 162 метр, бараш 3, 5 метр ва зарфияти борбардориаш то 30 мт мебошад. Ин лоиҳаро Бунёди Оғохон бо маблағи Ҳукумати Олмон амалӣ мекунад.

Октябрь 31, 2011 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд