Сохтмони пули нави Шӯробод оғоз меёбад
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Имрӯз, 31-уми октябр, Шоҳзода Карим Оғохони 4 ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими оғози сохтмони иншооти нави Шӯробод ширкат хоҳанд варзид. Пули мазкур пули панҷумин аст, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории байнисарҳадии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКDN) сохта шуда, ноҳияҳои Шӯрободи вилояти Хатлон ва вулусволии Хоҳони Афғонистонро бо ҳам мепайвандад. Дарозии ин пул 162 метр, бараш 3, 5 метр ва зарфияти борбардориаш то 30 мт мебошад. Ин лоиҳаро Бунёди Оғохон бо маблағи Ҳукумати Олмон амалӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






