Таҷдиди «Шифо» ба итмом расид

Октябрь 6, 2011 17:26

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тармиму таҷдиди пурраи қисми дуюми Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил- «Шифо» ба итмом расид. Ин кор дар доираи лоиҳаи «Тармим ва  ҷиҳозонидани беморхонаи бемориҳои сили «Шифо» иҷро  шуд, ки онро Бонки рушд ва таҷдиди Олмон маблағгузорӣ намудааст.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури беморхонаи   «Шифо» Саидаҳтам Рустамов хабар дод.Тибқи суханони ӯ, имрӯз 15 мутахассис аз Бонки рушд ва таҷдиди Олмон аз ин муоинахона дидан карда, бо ҷараёни иҷрои корҳо ошно мешаванд. Ғайр аз ин рӯзҳои наздик ба беморхона таҷҳизоти нави махсус  оварда мешавад. Айни ҳол дар беморхона 32 нафар духтурон, 87 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 72 нафар ҳамшираи тиббӣ фаъолият доранд. Дар муассисаи тиббии мазкур 5 шӯъбаи нав илова шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки қисми аввали беморхона соли 2010 бо сифати хуб ва ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳон тармим шуда буд. Акнун ҳар ду шӯъбаи беморхона метавонад 420 беморро қабул намояд. Айни замон дар беморхона 220 нафар бемор бистарӣ мебошад. Аз ҷониби Лоиҳаи «Хоуп» ва Бунёди глобалӣ беморон бо ғизои  гарм ва доруҳои  зидди сил таъмин мешаванд.  «Айни замон беморхонаи касалиҳои сил бо беҳтарин таҷҳизот ва дорувори зарурӣ муҷаҳҳаз ва таъмин шудааст. Ин ҳама барои  гирифторони бемории сил пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд дар ин ҷо аз ташхиси аввал то шифоёбӣ табобат гиранд», иброз намуд Саидаҳтам Рустамов.

Октябрь 6, 2011 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд