Таҷлили Рўзи забон дар Тоҷикстандарт
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои қаблӣ 5 октябри соли равон дар бинои агентӣ бо иштироки 172 нафар кормандони мақомот конфронси илмӣ-бадеӣ доир намуд. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаббачагон низ иштирок доштанд.Муовини аввали директори «Тоҷикстандарт» И. Қурбонов дар мавзўи «Забон — бақои миллат» ва сармутахассиси шўъбаи таҳқиқи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Муродов перомуни рушди забони давлатӣ дар замони истиқлол сухан гуфтанд.Як ҷиҳати ҷолби ин чорабинӣ он буд, ки аксари нотиқонва музокирачиён, аз қабили намояндаи институти физика ва техникаи Олмон Франк Шмидт, инчунин якчанд кормандони агентӣ аз ҷумлаи намояндагони ғайритоҷик бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






