Терроризму ғоратгарӣ содир нашуд

Октябрь 10, 2011 14:35

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Аз рӯзи  рӯи кор омадани Қарори  Ҳукумати  ҶТ «Дар  бораи  тасдиқи  барномаи  мубориза  бо  ҷинояткорӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои  2008 – 2015»  3 сол  сипарӣ  гардид. Дар  ин  давра ҷиҳати иҷрои  ин қонун корҳои  назаррасе сомон дода шудаанд. Тавре  сардори  Раёсати  корҳои  дохилаи  ВМКБ  Юсуф  Назаршоев  иттилоъ   дод, дар  ҳамбастагӣ  мақомоти  иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  вилоят,  шаҳри  Хоруғ ва  навоҳӣ  роҷеъ ба таъмини  амнияти  иншоотҳои  махсусан  муҳим роҳандозӣ  гардида ва  ҳамаи сохторҳои  марбута  ба  ин  кор  ҷалб  шудаанд. — Мақомоти  корҳои  дохила  ба  манзури  пешгирии  амалҳои ифротгароӣ, террористӣ, ғайриқонунӣ  паҳн  намудани  маводи  мухаддир,  дуздии  моликияти  давлатию   шахсӣ ва  ғайра  тадбирҳои  мушаххас  андешид. Натиҷаи тадбирҳои  андешидаамон  аст, ки  дар  чанд  соли   охир  ҷиноятҳои  терроризм ва  ғоратгарӣ  дар  қаламрави  вилоят  ба  қайд  гирифта нашудаанд. Соли  2010  дар  вилоят   нисбат ба  соли  2008 – ум  47  ҷиноят  камтар ба  қайд   гирифта  шуд. Дар  ин  муддат 593  силоҳи  оташфишон  мусодира  гардид, гуфт Юсуф Назаршоев.

Октябрь 10, 2011 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд