Ронандаи номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб зад
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзи истироҳат ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар километри 52-юм қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, велосипедрон Маҳмуд Мирзоҷонови 50-соларо пахш намудааст.Тавре ки аз ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъд аз содир намудани фоҷиа ронандаи номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст ва Маҳмуд Мирзоҷонов дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии шаҳрӣ бистарӣ гардидааст.«Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустӯҷӯӣ идома доранд»,-таъкид кард манбаъ.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






