АИ кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ

Декабрь 22, 2011 11:20

Душанбе, 22 декабр. (АИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои фаъолияташ ба муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ табдил гардида, дар беҳдошти амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштааст,- иброз дошт зимни сӯҳбат президенти АИ кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар 20 соли сипаригардида олимони Академия 110 навъи зироати кишоварзӣ, 36 навъи дарахтони босамар, сабзавот, 2 зоти кирмаки абрешим, 5 намуди мошини кишоварзӣ, 11 намуди ваксина, 22 намуди доруҳои байторӣ, навъи нави говҳои сиёҳалои тоҷикӣ, бузҳои серпашми тоҷикӣ ва мурғҳои сермаҳсули навъи крросро ба вучуд оварданд. Ба замми ҳамаи ин, дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ беш аз 6 ҳазор тухмии навъи маҳаллӣ ҷамъ оварда шуд, ки дар корҳои селексионӣ мавриди истифода қарор доранд.

Декабрь 22, 2011 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид