Беш аз 81 млн. доллар кӯмаки башардӯстона

Декабрь 19, 2011 10:19

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 11 моҳи соли 2011 баҶумҳурии Тоҷикистон аз 39 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 89 млн.357 ҳазор доллар ё ба миқдори 10 ҳазору 967 тонна ёрии башардӯстона ворид шудааст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1 млн. 147 ҳазор доллар беш аз 2 ҳазор тонна орд, ба маблағи 935 ҳазор доллар 495 тонна равғани растанӣ, ба маблағи 63 млн. доллар доруворӣ ва ба маблағи 2 млн. 182 ҳазор доллар либос ва пойафзол вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шудааст. Дар ин муддат ҳамчунин маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Декабрь 19, 2011 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар