Э. Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёиро ба ҳузур пазируфт

Декабрь 5, 2011 14:44

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунарсаи ду ҷониб баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва баҳогузории иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки дар зарфи 15 соли ҳамкорӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 миллион доллари амрикоӣ кўмак расондааст. Дар ҳоли ҳозир 16 лоиҳа бо маблағи умумии 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд. Тибқи иттилои Теодор Алерс, соли оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии рушди Тоҷикистон 60 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2011 22 миллион зиёд мебошад. Теодор Алерс аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, ки аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ сурат мегирад, гузориш дода, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, то ки судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин нерўгоҳ барои оянда таъмин гардад. Теодор Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии нерўи барқ дар фасли зимистон, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани ин ва дигар имконоти ин кишвар ба он кўмак мерасонад. Гуфтугў, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 5, 2011 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид