«ЕРА» корхонаи истеҳсолӣ бунёд карданист

Декабрь 7, 2011 16:09

Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, гидромеханикӣ ва электромеханикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Протоколи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Хайрулло Маҳмадуллоев ва аз ҷониби Туркия директори гурӯҳи «ЕРА» Алпай Унал ба имзо расониданд. Дар асоси протоколи ҳамкорӣ гурӯҳи «ЕРА»-и Туркия масъалаи имконияти бунёди корхонаҳоро оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, энергетикӣ, таъсиси корхонаҳои алоҳида ва муштарак, тайёр кардани мутахассисонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Декабрь 7, 2011 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад