Ҳалокати шаҳрвандони ҶТ бар асари садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 14 январ дар 113 километрии роҳи мошингарди Торжок – Осташковои вилояти Твери Федератсияи Русия садамаи калони нақлиётӣ рух дод.Тавре дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мошини ВАЗ – 2109 бо сабабҳои номаълум ба хати ҳаракати муқобила баромада, ба автобуси мусофирбар бархӯрд. Бар асари ин фоҷиа 5 нафар ҷавонмардони мошин дар маҳалли воқеа ҳалок гардида, аз ҷумлаи мусофирони автобус касе осеб надидааст.Ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қӯшбеков, Зафар Солеҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳидҷон Тӯраев ва Нозирҷон Худойназаров мебошанд.Дар ҳоли ҳозир Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ барои ҳар чи зудтар ба ватан фиристодани ҷасади ҳалокшудагон чора мебинад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






