Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ

Январь 18, 2012 14:47

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Маркази намоишгоҳи умумирусиягӣ ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши намоишгоҳу ярмаркаҳо баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласа раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ширкат дошт.Шариф Саид зимни суханрониаш зикр намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори вақтҳои наздиктарин дар ҳудуди Маркази намоишгоҳи умумирусиягӣ пайдо кардани дастрасӣ аз бинои махсуси намоишгоҳ мебошад.Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ зикр намуд, ки имсол Тоҷикистон ҳамраисии Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо саноати ИДМ — ро қабул намуд, бинобар ин мо пешниҳод менамоем, ки намоишгоҳ доир намуда, перомуни он тавзеҳоти муфассал дода шавад. Ин имкон медиҳад, ки мардум бо имкониятҳои Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Шариф Саид ҳамчунин бо Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Маркази намоишгоҳи умумирусиягӣ Алексей Микушко ва муовини раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Анатолий Дрон мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар бахши намоишгоҳу ярмаркаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Январь 18, 2012 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид