Ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон барои риоя нашудани қонун

Январь 16, 2012 11:15

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони прокуратураи ҷумуҳрӣ дар аснои санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳолати қонуншиканиҳо дар интихоби имомхатибони масҷидҳо ва аз ҷониби шахсони алоҳида ба хурдсолону ноболиғон додани таълимоти диниро ошкор намуданд. Дар соли 2011 кормандони прокуратура ғайриқонунӣ ворид, фурӯш ва паҳн намудани адабиёту варақа ва фиттаҳои динии дорои мазмуни зӯроварӣ, ифротгароӣ, тарғибу ташвиқ, адовати динӣ ва хусусияти зиддидавлатӣ доштаро дасгтир ва ошкор намуданд. Дар ин давра нисбат ба 196 нафар аъзои гурӯҳҳои ифротгаро парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, парвандаҳои ҷиноятии 168 нафари онҳо ба суд ирсол гардид ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии 28 нафари ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома дорад.

Январь 16, 2012 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад