Барқияи табрикотии Абдулло Гул унвонии Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол доштааст, ки дар он аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:«Ҷаноби Президент, Бародари азизи ман, Аз номи халқи Туркия ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва халқи бародари тоҷикро бо 20 – умин солгарди барқароршавии равобити дипломатии байни Туркия ва Тоҷикистон бо ҳиссиёти самимонатарин муборакбод мекунам. Робитаҳои мо, ки аз умқи муносибатҳои мутақобилаи таърихию фарҳангии ҳар ду халқ қувва мегиранд, тайи бист сол ба дараҷаи баланд расиданд. Мо ба ҳамкории зич бо Тоҷикистон дар партави фазои ҷуғрофии АвруОсиё аҳамияти бориз медиҳем. Сафари расмии ман ба кишвари зебои Шумо дар соли 2009 саҳифаи нави рушду густариши ҳамкориамонро кушод. Иродаи қавии сиёсии ҳар кадоме аз кишварҳоямон ба мо имкон медиҳад, ки ба оянда дилпурона назар кунем.Аминам, ки ҳамкории байни кишварҳоямон баҳри пойдории сулҳу субот, баҳри таҳкими рушди иқтисодӣ ва муттаҳидии халқҳо дар минтақаамон таъсири мусбат мерасонад. Аз фурсат истифода намуда, орзуҳои беҳтаринро дар амри тансиҳатӣ ва саодати Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба халқи бародару дӯсти тоҷик беҳбудию шукуфоиро ирсол медорам».








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






