Дар озмуни экологӣ ширкат кардан мехоҳед?
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи экология эълон менамояд. Озмун то 20 декабри соли 2012 идома меёбад. Хоҳишмандон имкон доранд дар мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирикунанда ва мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори он, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, масъалаҳои экологии фаромарзӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, энергетика ва камбизоатӣ, тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идораи партовҳо мақола навишта, ба унвони Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон ирсол намоянд. Ғолибони ҷои аввали озмунро 800 сомонӣ, зинаи дуюмро 600 сомонӣ ва ҷои сеюмро 400 сомонӣ интизор аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






