Гирифтани иҷозатномаи ВКД ҳатмӣ шуд
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд танҳо дар асоси гирифтани иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони хариди яроқи пневматикиро доранд. Дар ин хусус палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии худ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» иловаҳо ворид намуд. Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, ки қонуни мазкур таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва ба низом даровардани қонунгузории кишварро вобаста ба харид, гирифта гаштан, нигоҳ доштани яроқҳои пневматикӣ, хусусан таппончаҳои пневматикӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон ба танзим медарорад. Тибқи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ҷои зисти доимӣ надоранд, синнашон ба 18 нарасидааст, гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, дорои нуқсонҳои ҷисмонианд, инчунин шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд ё дар ҳолати адои ҷазо қарор доранд, аз ҳуқуқи харидани яроқи пневматикӣ маҳрум буда, ба онҳо иҷозатномаи мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ дода намешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






