Изҳороти ВКХ ҶТ перомуни барномаи «Честный понедельник» тавассути шабакаи НТВ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 январи соли 2012 зимни барномаи «Честный понедельник», ки тавассути шабакаи НТВ намоиш дода шуд, публитсисти рус Егор Холмогоров ва роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский бо изҳороти беасос дар бораи гӯё мавҷуд будани ҳолатҳои қатли оми аҳолии руси Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум баромад карданд. Онҳо инчунин ба хотири қатъи ҷалби қувваи кории берунӣ ба Русия, хусусан аз Тоҷикистон сухан гуфтанд.Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев доир ба ин масъала изҳорот пахш намуд, ки дар он, аз ҷумла омдааст: «чунин изҳоротҳо борҳо дар давоми чанд соли охир тавассути воситаҳои ахбори оммаи рус паҳн мегардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мухолифат байни гурӯҳҳои тоҷик сурат мегирифт ва далелҳои хаёлии “қатли оми аҳолии рус” ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштанд. Дар ин робита мо аз чунин изҳороти бемантиқи ходимони Федератсияи Русия дар тааҷҷуб буда, инчунин доир ба адами вокуниши муносиб ва раддияи расмӣ аз ҷониби ҳукумати Русия перомуни изҳороти хусуматомез нисбат ба миллати тоҷик, нашр ва пахши он дар ВАО ибрози таассуф мекунем. Мо умед дорем, ки ВАО-и Русия минбаъд аз нашр ё иҷозати пахши чунин изҳорот, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надошта, танҳо ба барангезиши ихтилофоти миёни миллатҳо нигаронида шудааст, худдорӣ хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






