Ифтитоҳи Маркази нави фарҳанг
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ба истифода дода шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Маркази фарҳанг дар заминаи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шуд. Дар марказ факултаи санъат, дафтари ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ва дигар маҳфилҳои фарҳангии шаҳр муттаҳид гардида, ҳамчунин шӯъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар он ҷойгир карда мешавад.Маврид ба ёдоварист, ки ҳангоме ки дар ин бино соли гузашта сўхтор ба амал омад, муаммоҳои ҷиддӣ пайдо шуданд. Новобаста ба ин, дар таҷлили 10-солагии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулин супориш дода шуд, ки то ҷашни Наврўз Маркази фарҳанг сохта ба истифода дода шавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






