Нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон

Март 26, 2012 08:32

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯзи 25 март шаҳри Душанбе макони баргузории нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид.  Дар ин мулоқот, ки таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фановарӣ ва ғайра баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба болоравии нақши чаҳор кишвар дар минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани равобити судманди чорҷонибаи миёни онҳоро амри зарурӣ номид. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд. Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ба он ниёздори минтақа дорои суди беандоза маънидод гардид. Ба сатҳи нав баровардани корҳо барои имконсанҷӣ ва бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва пайвастани он бо шабакаҳои марбутаи Эрону Покистон низ зарур шумурда шуд. Сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доир ба таъсиси Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона дастгирӣ намуда, ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 26, 2012 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид