Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш Бозиҳои варзишии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 10 намуди варзиш: волейбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод, дзюдо, самбо, гӯштини миллӣ, бокс, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таеквондо (ВТФ) дар се марҳила баргузор менамояд. Ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои варзишӣ дар ҳисоби даставӣ аз рӯи ҷойҳои ишғол намуда ва медалҳои ба дастоварда муайян карда мешаванд. Ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳо бо диплом, медал ва ҷамъбасти даставии намудҳои варзиш бо диплом ва ҷом, ғолибони даставии даври ҷамъбастии Бозиҳои варзишӣ бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии сарпарастон ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






