«Бухорои шариф»-ро аз Тошканду Амстердам ба Душанбе оварданд

Апрель 13, 2012 16:01

Душанбе, 13 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нусхаҳои электронии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури рӯзноманигорони шинохта, сардабирони нашрияҳо ва ҷамъи донишмандони тоҷик рӯнамоӣ гардид. Носирҷон Салимзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин рӯйдодро барои мардуми тоҷик, хусусан пажӯҳишгарону донишмандон, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва умуман хонандагон муҳим арзёбӣ кард, зеро шумораҳои гуногуни нахустин рӯзномаи тоҷикӣ –«Бухорои шариф» дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон дар шакли пароканда вуҷуд дошт ва дастрасӣ ба онҳо мушкил буд.  Нӯъмонҷон Ғаффоров, докторанти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни гузориш иброз дошт, ки мутаассифона, нусхаҳои «Бухорои шариф» солиёни зиёд дар ниҳодҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигорон, хусусан бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаҳои рӯзномаи «Бухорои шариф» дар шакли электронӣ аз Марказҳои илмию фарҳангии ҷаҳонӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, мамнӯъгоҳ-осорхонаи таърихии Бухоро, ки бо номи Арки Бухоро машҳур аст ва аз Пажӯҳишгоҳи байналмилалии улуми иҷтимоии Амстердам (Голландия) ба Тоҷикистон оварда шуда, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин ганҷинаи фарҳангӣ дар миқёси Осиёи Марказист, нигоҳ дошта мешаванд. Н. Ғаффоров афзуд, ки нашри шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф», ки 12 марти соли 1912 чоп гардида буд, дар таъриху тамаддуни тоҷикон рӯйдоди муҳими фарҳангию таърихӣ буда, он дар ташаккули матбуоти тоҷик ва рушди он нақши муассир гузошт. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо қарори парлумони кишвар 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Соли равон рӯзноманигорони тоҷик 100-солагии нашри нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо шукӯҳи хосса ва иштироки Сарвари давлат таҷлил намуданд.  Бояд тазаккур дод, ки чопи нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» барои ба вуҷуд овардани рӯшанфикрону маърифатпарварони тоҷик, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътироф гашта буданд , нақши шоиста гузошт. Воқеъан «Бухорои шариф» минбари баланди рӯшанфикрони тоҷик буд. «Бухорои шариф» дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии худ бо чопи 153 шумора тавонист дар бедорӣ ва ба вуҷуд овардани афкори мардум, такон додани мафкураи онҳо ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик хизмати бузург намояд. Рӯзнома ба унвони як нашрияи илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пеш аз ҳама бозгӯкунандаи андешаҳо ва дидгоҳҳои таҷаддудхоҳон ва равшанфикрони тоҷик буд, ки бевосита мазмуни аслии онро навишатҳои Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзоҷалол Юсуфзода, Маҳдуд Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдурауфи Фитрат, Мирзоғаффор, Мирхони Порсо ва дигарон мунъакис мекарданд. Ба аҳли толор нусхаҳои электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» намоиш дода шуд, ки дар онҳо мақолаҳо марбут ба баҳси забон, осори нависандаи рус Лев Толстой ва дигар ҳодисоти вобаста ба рӯйдодҳои он замон нашр гардидаанд. Тибқи пажӯҳиши иддае аз муҳаққиқон нусхаҳои аслии рӯзномаи «Бухорои шариф» дар Истанбул, бойгониҳои Русия, Қазон ва Эрон шояд вуҷуд дошта бошанд, зеро «Бухорои шариф» бо теъдоди 800 нусха нашр мегардид ва на танҳо дар Бухоро, балки дар минтақаҳои мусулмоннишини Русия, Туркия ва Эрон низ паҳн мешуд. 111 нусхаи электронии «Бухорои шариф», ки аз ниҳодҳои илмию фарҳангӣ дастрас гардида, ба Тоҷикистон оварда шудааст, барои алоқамандони рӯзнома, муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва донишҷӯён ва кулли зиёиёни кишвар манбаи арзишманд буда, захираи нусхаҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ғанӣ мегардонад. Дар ҳамоиш ҳамчунин китобҳои «Наврӯз- падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ», «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ, ки аз сӯи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нашр гардидаанд, муаррифӣ шуданд. Донишмандони шинохтаи тоҷик ва эронӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногун ва аҳамияти пурарзиши китобҳои тозанашр табодули назар карданд.  

Апрель 13, 2012 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд