Поёни ҷашнвораи «Чодари хаёл»

Апрель 18, 2012 15:02

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл», ки 11 апрел дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, бегоҳии 17 апрел ба поён расид. Дирӯз соати 17.00 дар Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии фестивал барпо гашт. Дар маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ намуд ва ба директорони театрҳои иштирокчии фестивал дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.  Ҷашнвораи байналмилалӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо барномаву намоишномаҳои махсус ширкат варзиданд.

Апрель 18, 2012 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд