Ҳавасмандии сармоягузорон ба канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 11 май бо намояндагони ширкати ҶДММ “Зарафшон Майнинг” мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ширкат оид ба рушди фаъолият дар соҳаи истbхроҷи захираҳои канданиҳои фоиданоки мамлакат ибрози назар намуда, вобаста ба шарту усулҳои ҷараёни мазкур маълумот дархост карданд.Раиси Кумита зикр намуд, ки мутобиқи нақша гирифтани ҳуқуқи истехроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок дар доираи озмуни байналмилалӣ таъмин мегардад, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Қайд гардид, ки айни замон дар доираи таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти таъмини талаботи байналмилалӣ оид ба идораи самараноки соҳаи мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати баргузор намудани озмунҳои байналмилалӣ оид ба гирифтани ҳуқуқи истехроҷ ва коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок таҳия карда шуда, дар марҳилаи мувофиқагардонӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор доранд.Ҳамзамон аз ҷониби Д. Саидов баён шуд, ки дар ояндаи наздик эълонҳо оид ба баргузории озмунҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ пахш мешаванд ва ҳавасмандон метавонанд дар онҳо дар доираи талаботҳои муқарраhгардида ширкат варзанд.«Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати иштироки ҳама сармоягузорон, ки дорои таҷриба ва имкониятҳои молиявию техникии кофӣ ва зарурӣ мебошанд, ҳавасманд аст ва аз тарафи худ мутобиқи талаботи муосир таъмин ва ташкили озмунҳои озод ва шаффофро кафолат хоҳад дод» — илова намуд Д. Саидов.Эзоҳ:Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар давоми соли 2012 баргузории тендерҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи истихроҷ ва коркарди захираҳои тиллои кони «Чоре», захираҳои тилло, сурма, нуқра ва дигар маъданҳои кӯҳии кони «Кончоч», гузаронидани омӯзишӣ геологии конҳои «Гумас»ва «Икар»-ро ба нақша гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






