Изҳороти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва пешгирии содиршавии муноқишаҳои байнимактабӣ аз ҷониби бахшҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир мешаванд, омилу сабабҳои сар задани онҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегиранд ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд намудани маърифати ҳуқуқии онҳо пайваста дар муассисаҳои таълимӣ сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода мешаванд. Тавре ки сомонаи ВКД хабар медиҳад, бо ҳамин мақсад рӯзи 11 майи соли равон вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо донишҷӯёни як қатор муассисаҳои олии таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии махсус анҷом дод, ки дар ин сӯҳбат дар баробари дигар масълаҳои мубрами рӯз, масъалаи муноқишаи байни ҷавонону наврасон низ мавриди барраасӣ қарор гирифт. Аммо дар бисёре аз расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ нашр гардид, ки гӯё вазири корҳои дохилӣ сабаби асосии муноқишаҳоро дар маҳалгароӣ медонад, ки ин асоси воқеӣ надорад. Агарчи вазири корҳои дохилӣ дар ин вохӯрӣ аз оқибати нохуши маҳалгароӣ сухан гуфт, вале сабаби асосии муноқишаҳои байнимактабиро дар бемасъулиятиву бепарвоии падару модарон ва баъзе аз муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ намуд. Бори дигар аз ҳама падару модарон, устодону муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ хоҳиш мешавад, ки дар ин хусус бо фарзандон ва шогирдони худ корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд, бахусус дар вақте, ки чорабинии муҳим- «Занги камолот» дар пеш аст, кӯшиш намоянд, то мисли солҳои пешин баъзе аз хонандагон бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, ташкили базму шабнишиниҳои бемавқеъ ба сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш роҳ надиҳанд, то ин насли ояндасоз бо содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ оғози камолоти худро доғдор насозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






