“Некӣ намою ба Даҷла андоз”: сафири ҳусни ният

Май 7, 2012 16:31

Таҳмина Раҷабова, наттоқи маъруф ва ҳунарпешаи синамо муддати як моҳ арзишҳои инсондӯстӣ ва фаъолиятҳои башардӯстонаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар Тоҷикистон тарғиб мекунад. Таҳмина дар нахустин “Моҳи махсуси Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон”, ки майи соли 2012-ро комилан дар бар мегирад, “Сафири ҳусни ният” аст. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ “Ховар” бо Таҳмина Раҷабова, Сафири ҳусни нияти Моҳи махсуси Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон мусоҳиба анҷом додааст, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон гардонида мешавад: — Таҳмина ҳадафи пазируфтани таклиф дар чист? Вақте ки ин пешниҳодро ба Шумо ироа карданд, нисбат ба он вокуниш доштед? -Медонед, аслан худи ман кори хайр карданро дӯст медорам. Ман бар ин боварам, ки ҳар инсоне, агар дасташ расад, бояд ба як нафари дигар кӯмак кунад, зеро гуфтаанд: ”Некӣ намою ба Даҷла андоз”. Ман хеле шод будам, вақте маро ҳамчун Сафири ҳусни нияти Моҳи махсуси Ҳилоли Аҳмар даъват карданд. Ин даъватро ман ҳамчун як нишоне аз ҷониби Худованд қабул кардам, чунки агар тавассути ман як нафари дигаре ҳам аз фаъолияти Ҳилоли Аҳмар огоҳ шавад ва дасти ёрии ҳамон нафар тавассути Ҳилоли Аҳмар ба бечорае расад, ман вазифаи худро анҷомёфта меҳисобам. Умуман аз ин имконият хеле ба ваҷд омадаам ва ин бароям хушбахтист. -Оё ин нахустин таҷрибаи фаъолияти ихтиёрӣ дар ҳаёти Шумост? — Дар солҳои охири донишҷӯӣ дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти ихтиёрӣ доштам. Баъдан ба кор шурӯъ кардам, аммо дигар натавонистам фаъолияти ихтиёриро идома диҳам. Фикр мекунам, барои ҳар ҷавоне, ки фаъолияти ихтиёрӣ намояд, барояш як ҷаҳони наву тозаи пур аз таҷрибаро мекушояд. Таҷрибаҳои чунин фаъолият дар ҳаёти ҷавонҳо хеле ҳам зарур аст. — Қаблан дар бораи фаъолияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх чӣ маълумот доштед? — Доир ба Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх иттилоъ надоштан ҷои хиҷолат аст, чун он маъруфтарин ҳаракатест, ки дар хидмати мардуми саросари дунёст ва ба ниёзмандон ёрӣ медиҳад. — Маълум аст, ки ба ҳайси як нафари шинохта Шумо дар тӯли моҳ чеҳраи аввали Ҳилоли Аҳмар хоҳед буд? Метавонед муфассалтар бигӯед, ки нақши Шумо дар ин моҳи махсус аз чӣ иборат аст? Табиист, ки вазифаи ман на танҳо иштирок дар муҳимтарин чорабиниҳо ва суханронию сӯҳбатҳо тавассути расонаҳост. Ман сайъ менамоям, то ба рамзи ҷалби ҷавонон ба иҷрои корҳои ихтиёрӣ дар Ҳилоли Аҳмар табдил гардам. Ман бояд кӯшиш бикунам, ки садои маро ҳар чӣ бештар ҷавонон шунаванд ва таваҷҷӯҳи онҳо ба Ҳилоли Аҳмар афзун гардад, зеро нерӯи асосии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ихтиёриёнаш ҳастанд ва ҳар кори хайре, ки ин ҳаракат мекунад, маҳз ба шарофати сарсупурдагии ихтиёриён мебошад. Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ва ҳазорон нафар дар Тоҷикистон ҳамеша омодаанд, то вақт ва қувваи худро барои ёрӣ ба ниёзмандон сарф намоянд. Агар дар ҳар ҷое Ҳилоли Аҳмар тавонист, ки дасти фитодаеро гирад, пас бидонед, ки дасти кўмакрасон, дасти Ҳилоли Аҳмар – ин дасти ҳамон ихтиёриёни ӯст. — Чаро чунин таваҷҷӯҳ ба ҷавонон? — Муҳаррики тамоми ҷомеаҳо, хусусан ҷомеаи Тоҷикистон, ҷавононанд. Дар кишвари мо нерӯи ҷавонон вижагии дигаре ҳам дорад, ки ин теъдоди онҳост. Бар илова, алорағми он ҳама иддаоҳо, ки мегӯянд, барои ҷавонони муосир ҳеҷ арзише боқӣ намондааст, мо мехоҳем нишон бидиҳем, ки ҳанӯз ҳам ҳазорон ҷавон омодаанд, то ба поси инсондӯстӣ, накӯкорӣ, хайрхоҳӣ талош биварзанд, зеро ҷавонони имрӯзи тоҷик ҳамоно насиҳати Устод Рӯдакиро ба гӯш ҳалқа кардаанд, ки сад қарн қабл мардумро ба гирифтани дасти фитодае даъват карда буд. Воқеан, шиори имсолаи Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки ба ҳаштуми май мусодиф аст, низ ба ҷавонон бахшида шудааст. “Ҷавонон дар ҳоли ҳаракат” – чунин аст ин шиор ва зершиораш ҳам чунин аст, ки “ёрии бештар, ёрии беҳтар, ояндаи дурахшон”. Ман мӯътақидам, ки ояндаи дурахшон ҳам бо ёрии бештар ва ёрии беҳтари ҷавонон ба мӯҳтоҷон ба даст меояд. — Оё худи Шумо низ омодаед дар оянда ҳам ба чунин корҳои неку хайр даст занед? — Ҳатман ва ҳар ҷое, ки имкон пайдо кардаму дастам расид. Яке аз ҳадафҳои зиндагии инсонҳо низ кӯмак ба ҳамдигар аст. Ҳатто аъзои бадани инсон гувоҳӣ ба он медиҳанд, ки ёрӣ додан дар мартабаҳои аввал бояд биистад – бибинед, як по ба пои дигаре ёрӣ медиҳад, як даст ба дасти дигаре… — Таҳминабону, дар анҷоми ин сӯҳбат метавонед лутфан чанд ҳарфи дигар дар бораи худатон бигӯед? — Таҳминаам, Таҳминаам…Як зане, як модаре, як хоҳарам. Духти шоҳ наям, як духтари оддиям. Наттоқи “Сафина”-ам. Ҳунармандам, ҳуқуқшиносам. Фирдавсии бузург маро бубахшанд барои истифода аз осорашон. Дар анҷом мехоҳам аз ҳама даъват намоям, ки на танҳо дар фикри худ, балки дар фикри дигарон ҳам бошанд, чунки инсони ҳақиқӣ танҳо ҳамонест, ки на танҳо дар бораи худ фикр мекунад. Ташаккур барои сўҳбат, Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ “Ховар”

Май 7, 2012 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд