Сел дар Кӯлоб хисороти ҷонӣ наовард
Душанбе, май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бинобар иттилои воситаҳои ахбори омма дар паи селҳои ахир гӯё чор тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб ҷони худро аз даст доданд. Бар асоси омори дақиқ бар асари сели рӯзҳои гузашта касе аз сокинони шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат нарасидааст. Чор нафари фавтида усулан сокинони навоҳии Мӯъминобод ва Шӯробод мебошанд ва дар ахбори паҳнгашта дар ВАО истилоҳи минтақа ба шаҳри Кӯлоб иваз гаштааст. Дар паи офатҳои табии рӯзҳои охир 452 хона дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зиён дидааст ва барои қисмате аз осебдидагон кӯмакҳои яквақтаина расонида мешавад. Бар асоси иттилои сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб Субҳон Усмонов кӯмаки мазкур, ки аз маводи ғизоӣ иборат аст, ба 79- оилае, ки аз ҳама бештар аз офати табиӣ зиён дидаанд, тақдим мешавад. Бояд гуфт, ки бар асари селҳои даҳ рӯзи охир 3- пул, 10 км роҳ, 109 гектар замини кишти пахта, 34 таҳхонаи иморати баландошиёна, 370 метр хатҳои обгузар ва канализатсия, 4710 метри мураббаъ заминҳои кабудизоршудаи кӯчаву хиёбонҳо, инчунин даҳҳо метр хатҳои барқ ва алоқа дар шаҳр зарар дидааст, ки маблағи ин хисорот 1646512,22 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






