Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ху Ҷинтао

Июнь 5, 2012 09:49

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао пешвоз гирифта, ба макони баргузории маросими расмии истиқбол даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб оғоз ёфта, бо сафороии ҷузъутомҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.
Масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сиёсӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуд.
«Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: -«давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои наку, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд». «Тоҷикистон чун ҳамеша дар масоили ягонагию якпорчагии Чин мавқеи устувору бетағйир дорад», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ху Ҷинтао дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: — «Ман ба мавқеи устувору қотеонаи шумо дар мубориза бо хатарҳои сегонаи ҷаҳони муосир қоилам. Нақши шахсии шумо дар таъмини амнияти минтақавӣ басо намоён аст ва мо аз ин қадрдонӣ мекунем». Зимни баррасии масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши равобит дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳим дар ин самт мебошад. Ҳарду ҷониб ба бунёди нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд. Аз рушди бонизом ва натиҷаҳои ҳамгироӣ миёни сохторҳои дифоӣ ва амниятии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба густариши робитаҳои дуҷонибаи онҳо ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расид: — Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин; — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ. Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан кӯмаки бебозгашт ё грант ҷудо карда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 5, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид