Ҳалокати 5 нафар бар асари садама
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Аз 22 то 29 июли соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 21 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардид.Аз таҳлили садамаҳои рухдодаи ҳафтаи сипаригардида бармеояд, ки аксари ин ҳодисаҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуқўъ омадааст. Бештари ин садамаҳои нохуш бо айби ронандагон, яъне баромадан ба самти муқобили ҳаракат, зиёд кардани меъёри суръати ҳаракати воситаи нақлиёт ва аз ҷои номуайян убур намудани пиёдагардон сар задааст. Ҳамин нуқтаро бояд зикр кард, ки бо сабаби рўз аз рўз зиёд гардидани теъдоди воситаҳои нақлиёти гуногунтамға дар роҳҳо он барои кормндони БДА, ки бевосита баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ масъуланд, душвориҳоро пеш овардааст. Аз ин лиҳоз Раёсати БДА ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми иштирокдорони ҳаракат дар роҳ, ронандагону пиёдагардон ва шаҳрвандони гиромӣ талаб ва хоҳиш менамояд, ки пеш аз баромадан ба қисми ҳаракати роҳ талаботи оддитарини ҳаракати роҳро риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар ин бора корманди шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






