Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи нафту газ

Июль 31, 2012 15:13

Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ корҳо дар соҳаи нафту газ бо як силсила ширкатҳои хориҷӣ идома доранд. ҶСК «Газпром», ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед», ширкати муштараки тоҷикистониву швейтсариягии «Сомон Ойл», ширкати тоҷикистониву австрияги «Петролеум Суғд» дар соҳаи кашф, истихроҷ ва коркарди нафту газ аз ҷумлаи ин ширкатҳоянд. Ғайр аз ин ҳафт адад корхонаҳои ватанӣ — ҶММ «Салоса», ҶММ «Азизӣ — 1», ҶММ «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурмалик» ва ҶДММ «Абадӣ» дар ин самт фаъолият доранд. ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз» тибқи Созишнома пас аз омӯзиши сейсмоиктишофии саҳроӣ 7-декабри соли 2010 дар чоҳи ҷустуҷӯии № 1п Сари қамиш ба пармакунӣ оғоз намуд. Чуқурии лоиҳавии чоҳ 6300 метр буда, пармакунӣ то чуқурии 4550 метр расонида шудааст. Ҳамчунин тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед» дар чоҳи № 20 — и кони Патинак корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида, истихроҷи нафту газро ба роҳ монд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз чоҳи мазкур ба миқдори 1491 тонна нафт, 42 ҳазор мукааб гази табиӣ истихроҷ шудааст.Ширкати «Сомон Ойл аз 1-августи соли 2011 мувофиқи ӯҳдадориҳои иҷозатномавӣ ва нақшаи сармоягузорӣ, бо мақсади омӯзиши геологӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар майдонҳои ояндадори минтақаҳои иҷозатномавии «Ғарбӣ» ва «Шимолу Ғарбӣ» — и вилояти Суғд марҳилаи навбатии корҳои сейсмоиктишофиро оғоз намуд.

Июль 31, 2012 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад