Ҳунарманди тоҷик-ҳаками фестивали байналмилалӣ
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Аз 26 то 28 июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон фестивал-озмуни байналмилалии «Иссиқкӯл-2012» баргузор мегардад. Дар ин бора корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Р. Раҳматуллоев гуфт, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти фестивал ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Кишвари моро дар бахши сурудҳои анъанавии фолклорӣ сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ менамоянд.Ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли «Гулшан» Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил гардидааст, илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






