Ҷамъбаст: натиҷаҳо хурсандибахшанд
Хуҷанд, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дирӯз нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони воситаи ахбори омма баргузор гардид. Дар нишаст ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дастаи SIFE-и донишгоҳ дар озмуни навбатии ҷумҳуриявии SIFE дар байни намояндагони шаш мактаби олии касбии Тоҷикистон маротибаи панҷум унвони чемпиони ҷумҳуриро соҳиб гашта, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқоти байналхалқӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА-ро дарёфт намуд. Баъди гузориши ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев байни ӯ ва хабарнигорон муколамаи хеле ҷолиб сурат гирифт. Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори умум пурманфиат ҷараён гирифт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маъруфҷон Ҳасанов хабар дод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






