Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввали Сарвазири мамлакат Матлубхон Давлатов ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода «Оид ба фаъолияти Вазорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо то охири соли 2012» маърӯза намуд. Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара, ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Юсуфиён, раиси Ассосиатсияи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ Зайд Саидов ва дигарон ба музокира баромада, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин самт мулоҳиза ва пешниҳодҳои хешро баён намуданд. Дар фарҷом муовини аввали Сарвазири мамлакат Матлубхон Давлатов ҷаласаи ҳайати мушовараро натиҷагарӣ намуда, фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хуб баҳогузорӣ намуд. Дар баробари ин оид ба як қатор камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо дар фаъолияти минбаъда, вазифаҳои навбатии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






