Ҷинояткорон дар ҳудуди Афғонистон боздошт шуданд
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Раҳматулло Набил- Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Пас аз қазияи чанд рӯзи охири Бадахшони Тоҷикистон мо дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ якчанд ҷинояткореро, ки бо гурӯҳи ҷиноятпешаи ҷониби Тоҷикистон алоқа доштаву дар ноамнии Хоруғ даст доштаанд, дастгир кардем». Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки ҷониби Афғонистон тасмим гирифтааст, то барои ҳарчи зудтар ба эътидол даровардани вазъи шаҳри Хоруғ як ҳайати баландрутбаи худро дар шахси раиси бахши сарҳадот, раиси истихборот ва раиси як бахши дифои миллии Афғонистон ба макони ҳодисаи шаҳри Хоруғ фиристад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






