Афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон бақияи пасандозҳо дар нимсолаи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, масалан, 39,5 фоиз ё 1 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба миқдори 15,82 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ ба миқдори 13,62 фоизи солона афзудааст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






