Агар хоҳед нарх дар бозор танзим шавад…
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» қарор қабул кард, ки тибқи он нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзиро барои ин давра тасдиқ намуд,- иброз дошт раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти С.Валиев, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 800 тонна сабзавот , аз ҷумла 9 ҳазору 700 тонна пиёз (аз он барои шаҳри Душанбе 4 ҳазор тонна), картошка 8 ҳазору 700 тонна (барои шаҳри Душанбе 2 ҳазору 600 тона), 1420 тонна меваи тару тоза, 2 ҳазору 500 тонна ғалла (гандум, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, наск, мош), ҳамчунин 1800 тонна маҳсулоти полезӣ ва беш аз 8 млн. 600 ҳазор қуттии шартӣ консерва захира карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 1800 тонна зиёд аст. Ин миқдор захира имкон медиҳад, ки дар тамоми фасли сол нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ то як андоза танзим гардад. — «Агар дар баробари тадбирҳои андешидаи кормандони ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ пеши роҳи ҷаллобону ҳаннотон аз тарафи идораҳои марбута дар тамоми бозорҳо гирифта мешуд, ҳоҷати қабули ҳар гуна қарори маҷбуран паст кардани нарх аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо зарурат надошт»,- иброз дошт коршиноси масоили иқтисодӣ Шодӣ Иззатуллоев.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






