Амали хайри олимпичиёни тоҷик
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дастаи олимпичиёни тоҷик пеш аз сафар ба шаҳри олимпии Лондон аз хонаи кӯдакони то синни мактабии №1 шаҳри Душанбе дидан намуда, ба онҳо 2 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ намуданд. Ҳамзамон ба 20 нафар кӯдак тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.Дар расми супоридани тӯҳфаҳо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок намуда, ин кори хайру савобро чун дастуру супориши Президенти кишвар ва анъанаи неки ниёгонамон арзёбӣ намуд.М. Неъматов дар ҳузури кӯдакон ба иқдомгирандагони ин кори савоб арзи минатдорӣ намуда, ба онҳо дар мусобиқоти дар пешистода иқболи варзишӣ таманно намуд. Инчунин кӯдаконро таъкид намуд, ки минбаъд барои солимии худ тамрин намуда, дар оянда ба монанди ин варзишгарон номбардори давлату миллат гарданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






