Анҷоми рисолати Кен Гросс дар Тоҷикистон
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт. Кен Гросс низ дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт. Номбурда илова намуд, ки Сюзан Элиот- дипломати ботаҷриба, ки ба ҳайси муовини роҳбари Раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад, ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Қобили қайд аст, ки Барак Обама- Президенти ИМА 11 апрели соли ҷорӣ номзадии Сюзан Элиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






