Бачаҳои пойтахт дар куҷо истироҳат менамоянд?

Июль 5, 2012 14:26

Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 3 ҳазору 900 толибилмони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии пойтахт дар майдончаҳои тандурустию солимгардонӣ, ки дар назди мактабҳои шаҳр фаъолият менамоянд , дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Алҳол басти дуввуми истироҳати бачаҳо, оғоз гардидааст, ки он то 14 июл идома меёбад.  Тибқи иттилои Фарҳод Худоёров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мактаббачаҳои пойтахт дар таътили тобистона ҳамзамон дар лагерҳои беруназшаҳрии «Гулхан», « Орзу», «Зимчуруд» ва « Шарора», ки дар дараи Варзоб воқеанд, истироҳат менамоянд. Истироҳатгоҳҳои мазкур тобеи идораҳои маорифи чор ноҳияи пойтахт –Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва ноҳияи И. Сомонӣ буда, дар онҳо ҳамзамон аз 7 то 25 июл 880 нафар кўдакон истироҳат менамоянд. Дар истироҳатгоҳҳои зикршуда инчунин 20 нафар кўдакони ятим аз интернатҳои пойтахт ба таври ройгон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Ф. Худоёров афзуд, ки дар истироҳатгоҳҳо тамоми шароити истироҳат фароҳам оварда шудааст. Алҳол дар пойтахт беш аз 110 муассисаҳои таълимоти умумӣ фаъолият дошта, онҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мегарданд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ тибқи маълумоти оморӣ наздики 170 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Июль 5, 2012 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад