Бачаҳои пойтахт дар куҷо истироҳат менамоянд?
Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 3 ҳазору 900 толибилмони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии пойтахт дар майдончаҳои тандурустию солимгардонӣ, ки дар назди мактабҳои шаҳр фаъолият менамоянд , дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Алҳол басти дуввуми истироҳати бачаҳо, оғоз гардидааст, ки он то 14 июл идома меёбад. Тибқи иттилои Фарҳод Худоёров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мактаббачаҳои пойтахт дар таътили тобистона ҳамзамон дар лагерҳои беруназшаҳрии «Гулхан», « Орзу», «Зимчуруд» ва « Шарора», ки дар дараи Варзоб воқеанд, истироҳат менамоянд. Истироҳатгоҳҳои мазкур тобеи идораҳои маорифи чор ноҳияи пойтахт –Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва ноҳияи И. Сомонӣ буда, дар онҳо ҳамзамон аз 7 то 25 июл 880 нафар кўдакон истироҳат менамоянд. Дар истироҳатгоҳҳои зикршуда инчунин 20 нафар кўдакони ятим аз интернатҳои пойтахт ба таври ройгон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Ф. Худоёров афзуд, ки дар истироҳатгоҳҳо тамоми шароити истироҳат фароҳам оварда шудааст. Алҳол дар пойтахт беш аз 110 муассисаҳои таълимоти умумӣ фаъолият дошта, онҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мегарданд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ тибқи маълумоти оморӣ наздики 170 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






